4200 нафар сайёҳи хориҷӣ аз Муҷтамаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд
Хуҷанд, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандону сайёҳон аз Муҷтамаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», Осорхона ва Хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ дидан намудаанд, ки аз ин шумор 4200 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки баҳри ҷалб намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода карда мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






