Ҷаласаи якуми Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика
Душанбе, 28.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика Қоҳир Расулзода 22 июли соли ҷорӣ ҷаласаи якуми Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика Азим Иброҳим дар бораи муҳимияти масъалаҳои баррасишаванда маълумот дода, доир ба иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, ёдовар шуд ва зарурати боз ҳам тақвияти корҳоро ҷиҳати пешбурди ин ташаббусҳо, хусусан пешниҳоди нави Пешвои миллат оид ба эълон намудани Даҳсолаи навбатии байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» таъкид намуд.
Дар робита ба ин, ҳамчунин аҳамияти Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт», ки баргузории он 9-11 августи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳим арёбӣ карда шуд.
Вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи истифодаи самаранокии захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерўи барқ барои солҳои 2012-2016» таъкид карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ сохтмону таҷдиди як қатор нерўгоҳҳои барқии калону хурд, марказҳои барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли барқии баландшиддат ва миёнашиддат, зеристгоҳҳои барқӣ амалӣ шуда истодаанд.
Таъкид гардид, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» самаранокии нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро бо назардошти сардии ҳаво дар фасли зимистон таъмин намуда, шумораи нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро бо назардошти нерӯгоҳҳои хурди аз ҷониби шахсони инфиродӣ сохташуда бори дигар муайян созанд.
Инчунин қайд карда шуд, ки имкониятҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии миёнаю бузург дар маҷрои дарёҳои кишвар вуҷуд доранд. Вобаста ба ин ба «Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» дастур дода шуд, ки асосноккунии техникию иқтисодии НБО «Норак-2»-ро, бори дигар такмил дода, барои баррасӣ пешниҳод намояд.
Татбиқи воқеии ин дастовардҳо имконият фароҳам меоваранд, ки назорат ва мониторинги истифодаи нерўи барқ дар иншооти барқӣ дуруст ба роҳ монда шуда, сарчашмаи талафоти воқеӣ дар маҷмуъ дарёфт ва муноисбатҳои хоҷагидорӣ ба танзим дароварда шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






