Ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли 2016 дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусоев зимни ҷаласаи ҳайати мушовара зикр намуд, ки: «Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар шаш моҳи аввали соли 2016 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016» ба роҳ монда, бо мақсади ташаккули истеҳсолоти рақобатпазиру самаранок ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои амалиро ба анҷом расонид».
Сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз фаъолияти кории худ дар давоми 6 моҳи гузашта ҳисобот доданд.
Вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ баҳри саривақт ва дар ҳолати хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот, ҳамкории самарабахш бо олимони соҳа ва сазовор ҷашн гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






