Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф густариш меёбад

Июль 30, 2016 10:14

Душанбе, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Чанде пеш  дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия  мулоқоти Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вениамин Каганов, муовини Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия доир гардид, ки дар он самтҳои асосии рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардиданд.
Масъалаи омода намудан ва баланд бардоштани тахассуси касбии муаллимони забони русӣ барои мактабҳои миёна ва олии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти мазкур   гардид.
Тарафҳо ҳамчунин фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи Русияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталиф тайёр менамоянд, инчунин масъалаи донишомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Русия,  ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ҷиҳати густариши амиқи муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм  бояд «харитаи роҳ» таҳия гардад.

Июль 30, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад