Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Хатлон дар арафаи анҷомёбист
Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни Истиқлолияти давлатии ҶТ роҳи оҳани Душанбе-Хатлон (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, бинои маъмурии истгоҳи Данғара аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.
Ба иттилои директори Саридораи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон Абдулфайз Холиқов, сохмони хатти роҳи оҳани Душанбе-Хатлон ба маблағи 130 миллион доллари ИМА моҳи марти соли 2009 оғоз шудааст.
Сохтмони хатти мазкур 40,7 км-ро дар бар мегирад. Се нақб ба масофаи 3643 метр ва панҷ пули калони онро ба дарозии 581,68 метр ширкати Идораи 19-уми «Роҳи оҳани Чин» аз ҳисоби кредити «Эксимбонк»-и кишвар корҳои заминӣ, пармакунӣ ва таркишии сохтмонро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо қувваи худӣ ва ҷалби дигар ширкатҳои сохтмонӣ иҷро карда истодаанд.
Аз аввали сохтмон корҳои заминӣ дар масофаи 37 км иҷро гардида, ҳоло корҳои ниҳоии мустаҳкамкунӣ ва бунёди пулҳо идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






