Аз «Мерседес-Бенс» 300 доллари амрикоӣ ва 1400 сомониро дуздиданд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба мақомоти милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намудааст, ки 22 июл тахминан соати 19:40 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс» 300 доллари амрикоӣ ва 1400 сомонӣ маблағи пулиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур зани 45-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






