Ба Маркази вилоятии бемориҳои руҳии шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд
Кӯлоб, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирӣ аз иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кумак ба оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танхо дар арафаи иду ҷашнҳо кормандони корхонаю ташкилот, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ба ин қишри ҷомеа кумаки яквактаи иқтисодӣ мерасонанд. Дар ҳамин замина дар арафаи Иди саиди Фитр дар шаҳри Кӯлоб ба табобатгирандагони Маркази вилоятии бемориҳои руҳии шаҳри Кӯлоб кумак аз қабили орду равған, картошкаю пиёз, афшураю дигар намуди маводи хӯрока расонида шуд.
Тавре муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилзода иттилоъ дод, дар ҳамин рӯз кумаки иқтисодӣ, аз қабили орду равған, шакару биринҷ, картошкаю пиёз ва сабзавот ба 10 нафар шахсони яккаву танҳо, ки дар қайди муассисаи кумаки иҷтимои дар шаҳри Кӯлоб мебошанд, расонида шуд. Ниёзмандон барои расонидани чунин кумакҳои пайваста ба ҳокимияти давлатӣ ва шахсони саховатпеша изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри пешрафту тараққиёт ва гулгулшукуфии Ватани азиз даст ба дуо бардоштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






