Бадахшон: Ифтитоҳи Корхонаи фаръии манзилию коммуналӣ дар шаҳраки Ваҳдат

Июль 1, 2016 16:48

Шуғнон 01.07.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат боз як бинои  сеошёна  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни ифтитоҳи ин бинои хуштарҳу замонавӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки нақши корхонаи мазкур дар поку тамиз нигоҳ доштани маркази ноҳия ва бо оби поки  ошомиданӣ таъмин кардани сокинон муассир хоҳад буд.
А. Иброҳим ба масъулини корхона ва коргарони он дастур дод, ки мудом барои ҳалли ин ё он масъала баҳона не, балки чораю тадбирро ҷустуҷӯ кунанд, зеро зебогӣ ва сабзу хуррамии шаҳрак маҳз ба фаъолияти бонизоми онҳо бастагӣ дорад.
Сардори намоянагии Корхонаи фаръии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Тоҳир Паҳлавонов гуфт, ки ин бино аз се ошёна ва 24 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва сарои таҷҳизоти техникӣ иборат буда, наздики 20 нафар корманд дорад. Бо афзоиши механизму таҷҳизоти техникӣ теъдоди коргарон боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Июль 1, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад