Барномаи «Фарҳанг» дар системаи телефонии «Айфон»

Июль 7, 2016 15:56

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар» /. Ҳадятуллои Хайрулло, хатмкунандаи бахши муҳандисии барномавии факултаи информатика ва идоракунии Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина  ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ  бо истифода аз донишҳои азхудкардааш барномаи компютерии «Фарҳанг»-ро, ки иборат аз 132 ҳазор калимаву ибораҳо мебошад, таҳия намудааст.
Барнома аз 31 марти соли 2013 дар сомонаи интернетии Гугл (Google) ҷой дода шуда, мавриди истифода қарор дорад. Барномаи мазкурро  метавон  ҳам тавассути компютерҳои касбӣ ва ҳам телефонҳои мобилии системаи «Андроид» бе истифода аз шабакаи Интернет ба таври ройгон истифода намуд.
Айни ҳол ин барнома тавассути телефонҳои мобилии системаи «Айфон» ба тариқи ройгон мавриди истифодаи умум қарор гирифтааст.
Барномаи дигаре, ки Ҳ. Хайрулло соли 2013 таҳия намуда, дар  телефонҳои системаи «Андроид» ҷой додааст матни Қуръони Карим бо хати кирилӣ мебошад, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва дар нашриёти «ЭР  граф» чоп  шудааст.
Маълумоти муфассалро метавон аз сомонаи интернетии зеррин дарёфт:
https://play.google.com/store/apps/details?id=com.taj.farhang https://play.google.com/store/apps/details?id=com.taj.quronikarim
https://itunes.apple.com/tj/app/farhang/id1130729321?mt=8

Июль 7, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад