Барои судяҳои тоҷик меъёри синну сол муқаррар карда шуд
Душанбе, 16.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки 15 июл аз ҷониби аъзои палатаи болоии парлумони кишвар ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо» қабул карда шуданд, минбаъд судяҳои тоҷик ҳангоми бори аввал ба мансаби судя таъйин шудан бояд дар назди комиссияе, ки Суди Олии ҶТ ташкил кардааст, имтиҳони тахассусӣ супоранд.
Илова бар ин, барои судяҳои тоҷик меъёри синну соли ба нафақа баромадан муқаррар карда шуд: занон дар синни 58 — солагӣ ва мардон дар синни 63 — солагӣ. Чунин маҳдудиятҳоро пештар қонунгузории кишвар дар бар намегирифт.
«Ин тадбир ба ҳуқуқшиносони ҷавон ва ояндадори кишвар роҳ мекушояд», — зикр кард дар баромади худ оид ба ин масъала узви палатаи болоии парлумони кишвар Қаноатшо Лоиқзода.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






