Беҳтарин ҳавлӣ ва маҳаллаи шаҳри Хоруғ муайян гардиданд
Хоруғ, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои ғолиб омадан дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҳавлии беҳтарин аз миёни сокинони шаҳри Хоруғ беш аз 20 оила худро номнавис карданд.
Комисияи вижаи мақомоти шаҳрдорӣ ҳамаи ин ҳавлиҳоро аз назар гузаронида, ба ин натиҷа расид, ки ҳавлии сокини кӯчаи ба номи Кирмоншо Хубоншоеви шаҳр Ашратшо Ақдодшоев ғолиби ин озмун дониста шавад. Дар ин ҳавлӣ ба ҷузъ гулу буттаҳои сершумору гуногуннавъ, ҳамчунин беш аз 30 дарахти сояафкану мевадор шинонда шудаанд. Ин гулу буттаҳо ва дарахтонро соҳибони хона ҳар сари чанд вақт аз обу поруи маҳалӣ таъмин мекунанд. Тарҳи бинои бинои истиқоматии Ашратшо Ақдодшоев дар асоси усулҳои меъмории миллӣ сохта шуда, бо масолехи сохтмонии маҳаллӣ ороиш дода шудааст.
Дар байни маҳаллаҳои шаҳр маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоев пирӯз шуд. Кӯчаву паскӯчаҳои маҳалла тозаву озода буда, ба мадади сокинони маҳалла барои кӯдакону наврасон майдончаҳои варзишиӣ, дар мавзеъҳои дур аз роҳи мошинагард макони бозӣ ва сайру гашт бунёд кардаанд. Бинохои маъмурию маишӣ бо шиору овезаҳои зебо ва пурмазмун ороиш дода шудаанд. Сокинони ин маҳалла ҳамарӯза мутобиқи реҷа кӯчаи маҳалларо худашон тоза мекунанд.
Ба гуфтаи раиси комиссияи озмуни вилоятӣ Исрор Исроров, ҳоло дар сатҳи кӯча, ҳавлӣ ва ҷамоату ноҳияҳо низ ин озмун ҷамъбаст гардид ва 19 августи соли равон озмуни вилоятӣ баргузор мегардад. Онҳое, ки дар ин марҳила пирӯз мегарданд, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






