БМТ : Қурби доллари ИМА чанд рӯзи охир муътадил аст
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 4 июл қурби 1 доллари ИМА ба 7.8680 сомонӣ, қурби 1 евро ба 8. 7610 сомонӣ баробар гаштааст.
Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳои кишвар 1 рубли Русия 0.1195 сомонӣ муайян шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян намуд: 1 юани чинӣ — 1.1810 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия 10.4668 сомонӣ, 1 франки Швейтсария — 8.0822 сомонӣ ва 1 риёли Арабистони Саудӣ — 2.0963 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






