Бо Қарори махсуси Ҳукумати мамлакат ҷашнҳои таърихии шахсиятҳои таърихӣ — Ҳаким Тирмизӣ, Закариёи Розӣ ва Ғаффор Валаматзода таҷлил мешаванд

Июль 11, 2016 12:08

Душанбе 11.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии мутаффакири тоҷик Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба номи Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутаффакири Шарқ Закариёи Розӣ давоми соли 2016 дар Тоҷикистон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, омадааст: «Бо мақсади эҳёи арзишу мероси бузурги илми таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардумони Шарқи Миёнаю Наздик, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар марҳалаи нави таърихӣ давоми соли 2016 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд ва мутаффакири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150- солагии зодрӯзи олим ва мутаффакири Шарқ Закариёи Розӣ давоми соли 2016 ба таври васеъ ва ботантана таҷлил карда шавад».
Дар доираи Қарори мазкури Ҳукумати мамлакат муаррифӣ намудани ин шахсиятҳои таърихӣ тавассути радио, телевизион ва дигар ВАО дастур дода шуда, барои дар сатҳи шоиста, сиёсӣ ва илмӣ таҷлил намудани ин санаҳои таърихӣ Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, дигар кумитаву идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ҷашн гирифтани бузургони миллат, ёд намудан ва арҷ гузоштан ба намояндагони илму адаб, ҳунару фарҳанг ва сиёсатмадорони гузашта ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон буда, ба ин васила таърихи кӯҳан ва бою рангин доштани миллати тоҷик бо асосҳои илмӣ таъкид мегардад.

Июль 11, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад