Боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро ба макони ҳақиқии истироҳати сокинон табдил хоҳанд дод

Июль 7, 2016 10:29

Душанбе, 07.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади бунёдкориву ободонӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, истифодаи самараноки иқтидор ва имкониятҳои боғҳои фарҳангиву фароғатӣ дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум моҳҳои апрел-августи соли 2016 мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро»-ро баргузор менамояд.
Озмуни мазкур дар ду давр гузаронида шуда, даври аввали он аллакай дар шаҳру навоҳии кишвар шурӯъ гардидааст. Дар назар аст, ки он ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони диёр табдил додани боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва рангину ғанӣ гардонидани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.
Даври ниҳоии озмун моҳи августи соли равон дар яке аз боғҳои намунавии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотирмони Вазорати фарҳанги кишвар мукофотонида мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Июль 7, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад