Бонуи тоҷик сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин зани ихтироъкор» гардид

Июль 1, 2016 17:09

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки  мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихори тоҷикистониён аст, ки дар Кореяи Ҷанубӣ  дар як озмуни ҷаҳонӣ Биҳамида Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои кимиё ва тиб  барои ихтирои маводи зиддибактериявии   «Фитосуман» сазовори  Ҷоизаи «Беҳтарин зани ихтироъкор»  гардида,  бо ин навоварӣ  дар соҳаи тиб дар миёни 400 зан аз 25 кишвари дунё яке аз беҳтарин занони ихтироъкор дониста шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар»  Биҳамида Маҳкамова  зикр намуд, ки натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати мамлакат   нисбат ба  дастгирии занону  духтарон аст, ки бонувони тоҷик   ба муваффақиятҳои беназир ноил мегарданд. Номбурда афзуд, ки  барои ихтирои ин маводи зиддибактериявӣ  8 соли умрашро ба таҳқиқу омӯзиш  сарф намудааст  ва имрӯз  ифтихор дорад,  ки заҳматҳояш барабас нарафта,  натиҷаи назарас доданд. Ӯ ба ин васила имкон пайдо намуд, ки  фазолати баланд доштани  занони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ  бори дигар  исбот намуда, дар нигоҳдошти саломатии мардум саҳми хешро гузорад.
Биҳамида Маҳкамова ҳамчунин зикр намуд, ки дар ҳоле ки истифодаи зиёди антибиотикҳои сахттаъсири ба инсон зараровар дар Тоҷикистону ҷаҳон ба як мушкил табдил ёфтааст, ин маҳлули ихтироънамудаи ӯ пурра аз гиёҳҳои табиӣ омода шуда, ба саломатии одам   безарар мебошад. Мавсуф барои арзону дастрас гардидани ин дору аз 12 намуд гиёҳу растаниҳои кишвар истифода бурдааст. Ибодат Умедова, корманди  масъули Маркази миллии патент ва иттилооти Тоҷикистон, ки ихтирои 3 олимаи тоҷикро  дар ин озмун муаррифӣ мекард, иттилоъ дод, ки  дар 9 умин  Намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони ихтироъкор  ду  олимаи дигари тоҷик — Зарина Яминова барои кашфи тарзи ҳосилкунии оҳори нахи пахта бо медали нуқра ва Мубоширахон Раҳимова барои ихтирои усули  дарёфти равғани зағир бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шудаанд. Ин соли панҷум аст, ки занони донишманди  тоҷик дар ин озмуни ҷаҳонӣ ширкат намуда,  ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд.
«Имрӯз  дар кишвар 140 зан барои ихтирои худ соҳиби патент шуда, занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навовариву ихтироъ мекунанд ва  хотирасон менамоем, ки соли 2014 Мубошира Раҳимова, доктори фанҳои кимиё ва тиб аз озмуни байналмиллалии ихтироъкорон дар Кореяи Ҷанубӣ барои ихтирояш дар соҳаи кимиё бо 4 медал, аз ҷумла бо нишони тиллоӣ баргашта буд», — афзуд И.Умедова.

Июль 1, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Эла Ионеску, намоянда аз Руминия: «Шумо, одамони хушбахтед, ки чунин Ватани зебо доред»
Варзишгар аз Амрико Каролина Глейш: «Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон нақл хоҳам кард»
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил доранд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Михаил Гусман: «Вақте «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки аз гармии дили одамон низ меравад!»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
ДОВТАЛАБОН КАДОМ КАСБРО БОЯД ИНТИХОБ НАМОЯНД? Ҳангоми интихоб лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст
30 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ: рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт