Боз ду варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат мекунанд
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ Ховар/. Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, варзишгарони Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти шиноварӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар ин бора Ҳайдар Иброҳимов, раиси Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, 12 июл ба сомонаи olympic.tj хабар дод. Вай афзуд, «ба унвони Федератсияи мо рӯзи 11 июл аз Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) нома расид, ки дар он гуфта мешавад ба ду варзишгари Тоҷикистон — Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия иҷозат дода шудааст. Ҳарду дар мусобиқот оид ба шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Ҳайдар Иброҳимов ҳарду қаҳрамонҳои бисёркаратаи Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ маҳсуб мешаванд. Соли гузашта Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Қазони Русия ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар намуди шиноварӣ танҳо як варзишгар Катерина Измайлова намояндагӣ карда буд.
Ба ин тартиб, то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.
Баъдан ду паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи дзю-до ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов бошад, бори сеюм дар бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.
Инчунин Даврон Атабоев варзишгари тоҷик соҳиби роҳхат ба олимпиадаи соли 2016 гардидааст. Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон Бишкек доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.








ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






