Боздошти «Мерседес-Бенс» зимни амалиёти муштарак

Июль 8, 2016 16:51

Душанбе 08.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли кишвар боз як ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор гардид. Зимни як амалиёти муштарак, ки аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд  дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд  дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, мошини тамғаи «Мерседес-Бенс G350», ки аз ҷониби сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд А.А., идора мегардид, боздошт шуд.
Маълум шуд,  ки  шаҳрванд А.А. мошини мазкурро охири моҳи апрели соли равон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шербекова. К харидааст. Мошини мазкур, ки арзишаш беш аз 430 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ин ҳолат дар асоси моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои тафтишот ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст.

Июль 8, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид