Бозии дуввуми дӯстонаи тимҳои мунтахаби футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба анҷом расид
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон вохӯриҳои дӯстонаи худро дар шаҳри Тошканд бо дастаи мунтахаби футзали Ӯзбекистон идома медиҳад. Дар дидори дуввуми худ футболбозони мо бо натиҷаи минималии 2 бар 1 мағлуб шуданд. Дар нимаи аввал соҳибони майдон дар дақиқаи 10 туфайли голи задаи Илҳом Раҷабов ба сафи пеш баромаданд ва дар поёни ин қисм Нодир Элибоев бартарии соҳибони толорро бештар намуд.
Дар қими дуввум бозии футзалистони кишварамон беҳтар шуд ва муаллифи се гол дар вохӯрии аввал Файзалӣ Сардоров ин навбат низ бе гол аз майдон нарафт ва ҳисобро 2:1 намуд.
Ба ҳамин тартиб тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон иштирокдори Чемпионати ҷаҳон, ки аз 10-уми сентябр то 2 октябр дар Колумбия мегузарад, ба ғалабаи аввалинаш комёб гардид.
Имрӯз бозии охирини дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Тошаканд баргузор мегардад. Мақсади гузаронидани чунин бозиҳо баланд бардоштани маҳорати касбии футболзалистони ҳар ду кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин пештар дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли равон чор бозии таҷрибавӣ баргузор карданд, ки ду вохӯрӣ мусовӣ ва ду вохӯриии дигар ба нафъи футболбозони ӯзбекистонӣ анҷом ёфтааст.
Мақсади гузаронидани чунин бозиҳо баланд бардоштани маҳорати касбии футболзалистони ҳар ду кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин пештар дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли равон чор бозии таҷрибавӣ баргузор карданд, ки ду вохӯрӣ мусовӣ ва ду вохӯриии дигар ба нафъи футболбозони ӯзбекистонӣ анҷом ёфтааст.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






