Далелҳои хотирмони Ҷоми Аврупо-2016

Июль 6, 2016 09:29

Душанбе, 6.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар Фаронса дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Дар ин ҷараён факту рақамҳо ва ё худ асноде вуҷуд доранд, ки хеле ҷолибанд ва дар хотирҳо нақш мебанданд.
Маоши аз ҳама ночизи мураббиён дар бозиҳоии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 ба сармураббии мунтахаби Русия Леонид Слутский тааллуқ дорад. Маоши ӯ ба 0,00 рубл баробар аст. Леонид Слутский танҳо барои ғалабаи дастааш маблағеро чун ҳадя (бонус) ба худ ихтисос медод. То омадани Леонид Слутский Фабио Капело дар дастаи мунтахаби Русия 8 миллион евро маош мегирифт.
Бозингари аз ҳама ҷавони Евро-2016 Маркус Рошфорд аз тими мунтахаби Англия ба шумор меравад. Ӯ 18 — сола аст.
1 миллион нафар одам дар таҳияи суруди (гимн) бозиҳои Евро-2016 саҳм гузоштаанд. Девид Гетта, муаллифии суруди This One’s For You, аз мухлисони ҳамаи тимҳои дунё хоҳиш карда буд, ки садои худро бо ин суруд сабт карда, ба ӯ фиристанд. Дар натиҷа ин диджей ҳама садоҳоро истифода бурдааст.
Кираш_дарвозабонДарвозабони тими мунтахаби Маҷористон Габор Кирайи 40-сола аз солортарин бозингарон дар таърихи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад.
Арзиши ҳамаи бозингарони ширкатдори Ҷоми Аврупо-2016  ба 5,16 миллиард евро баробар аст.
Бозингари аз ҳама арзонтарини ин силсилабозиҳо Эрме Мор аз Туркия ба ҳисоб меравад, ки 100 ҳазор евро арзиш дорад.
мунтахаби_ОлмонДастаи мунтахаби аз ҳама арзон Маҷористон (23,3 миллион евро) ва аз ҳама қимматтарин Олмон (562 миллиони евро) ба шумор мераванд.
Фаронса барои гузаронидани бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016  1,7 миллиард евро сарф намудааст.
Ҳамаи дастаҳои мунтахаби бозиҳоии ниҳоии Евро-2016 барои иштирокашон соҳиби 8 миллион евро гардиданд.
Криштиано_РаналдуБозингари аз ҳама гаронтарин дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо тибқи хабари сомонаи «Transfer-market», муҳоҷими дастаи мунтахаби Португалия Криштиан Роналдо ба ҳисоб меравад, ки   арзишаш ба 110 миллион евро дакка мехурад. Ин маблағ аз арзиши ҳамаи бозингарони тими мунтахаби Маҷористон 4 баробар зиёд аст.
Гарет_БейлАз ҳама бозингари босуръати (тездав) Евро-2016 Гарет Бейли уэлсӣ ба шумор меравад. Бейл суръати давиданашро то ба 36,9 км/соат расонида метавонад. Аз ҳамин хотир соли 2013 ӯро КФ «Реал» ба маблағи 100 миллион евро харидорӣ кард.
Ду нафар бародарон Таулант Ҷакка аз дастаи мунтахаби Албания ва Гранит Ҷакка аз дастаи мунтахаби Швейтсария дар ҷараёни бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 дар муқобили ҳам бозӣ кардаанд. Ин дар таърихи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо бори аввал аст. Ҳар ду бародарон дар дастаи «Базел»-и Швейтсария ҳунарнамоӣ мекунанд, вале аз сабаби он, ки Таулант ба тими мунтахаби Швейтсария даъват нашуд, решаи баромади худро истифода бурда, шаҳрвандии Албнияро қабул кард ва ба ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар шомил шуд.  Швейтсария бо натиҷаи 1:0 дар вохӯрии мазкур ғалаба карда бошад ҳам, дар рақобати ин дастаҳо аз ҳама асосӣ ширкати ду бародар дар муқобили ҳам маънидод мешавад, ки бо шарофати онҳо ин бозӣ дар таърих боқӣ мемонад.
Судя_миллионер_Йонас_ЭриксонДовари бозии байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Уэлс Йонас Эрикссони шведиро ҳеҷ гоҳ харидан нашояд. Ӯ аз бойтарин доварони ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Солҳои 90-ум Йонас  ширкати харидуфурӯши гузоришҳои варзиширо бо рафиқаш асос гузошт ва онро консерни фаронсавӣ дар соли 2007 харидорӣ кард, ки дар натиҷа Йонас Эриксон аз 15 фоизи саҳмияҳояш сазовори 7 миллион евро гардид.
довар_МажичЗиндагии боз як довари дигар, Милорад Мажичи серб ҳам аз маблағи доварӣ  бастагӣ надорад. Ӯ директори Комбинати гӯшти Zlatiborac дар шаҳри  Нови-Саде мебошад, ки дар давраи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 барои тамошои бозиҳо ба кормандонаш «минтақаи мухлисон» (фан-зона)-ро ташкил намудааст.

Июль 6, 2016 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд