Дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрии коршиносон дар доираи «Ташаббуси АҚТ» оғоз гардид

Июль 27, 2016 14:17

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии коршиносон оид ба муҳокимаи масъалаҳои ташкили чорабиниҳои фаврӣ дар доираи ташаббуси кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон («Ташаббуси АҚТ») оғоз гардид, ки бо дастгирии  «Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» ташкил карда шудааст.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд, вохӯрӣ бо суханҳои ифтитоҳии муовини директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода ва роҳбари Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон   Амелия Ханнафорд оғоз гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи нашъамандӣ дар кишварҳои аъзои «Ташаббуси АҚТ», мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нақшаҳои гузаронидани амалиётҳои муштарак муҳокима мегарданд.

Июль 27, 2016 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард