Дар деҳоти Қиблаӣ китобхонаи наву замонавӣ бунёд мегардад

Июль 16, 2016 10:30

Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи Ҷамоати деҳоти «Қиблаӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки барои деҳаҳои дурдасти ҷамоат Китобхонаи сайёр ташкил намояд.
Тавре сомонаи расмии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, китобҳо тибқи низоми китобдорӣ ба феҳрист дохил карда шуданд, то хонанда онро зуд дастрас карда тавонад. Дар натиҷаи муроҷиати роҳбарияти ноҳия ва китобхона ба муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ ба китобхона китобҳои нав оварда шудаанд.  Алҳол дар хазинаи китобхона 5472 нусха китоб мавҷуд аст ва шумораи хонандагони фаъол ба 500 нафар мерасад.
Айни замон бинои китобхонаи деҳоти мазкур ҷавобгӯи талабот набуда, толори хониш надорад. Роҳбарияти ноҳия ва Китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки барои бунёди китобхонаи наву замонавӣ дар деҳоти Қиблаӣ нақшаи сохтмони онро тарҳрезӣ намояд.

Июль 16, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад