Дар ду рӯзи охир 7 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар фасли тобистон бо обшавии барфу пиряхҳо сатҳи оби кӯлу дарёҳо баланд гардида, хавфу хатари зиёд ба вуҷуд меояд. Ҳарорати ҳаво, ки дар ин фасл баланд мегардад, шумораи зиёди шаҳрвандон майл ба оббозӣ ва шиноварӣ карданро пайдо мекунанд. Ҳарчанд мутахассисони боду ҳавосанҷии кишвар дар рӯзҳои гарми фасли тобистон аз хатари оббозӣ эмин доштани шаҳрвандонро таъкид медоранд, мутаассифона, ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарёҳо ба мушоҳида мерасанд. Бар замми ин аксаран аз бемасъулиятӣ ва беэҳтиётии волидайн наздикону пайвандони онҳо дар ҷӯйбор ва кӯлу дарёҳо ғарқ мешаванд. Ҳамаи калонсолон, бахусус волидайнро зарур аст, ки аз ҳодисаҳои нохуш худ ва наздикону пайвандонро эмин дошта, масъулияти зиёдеро бар дӯш дошта бошанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 10 июли соли равон тахминан соати 14:30 ду нафар писарбачаи 17-солаи сокинони ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сурхоби ҳудуди ноҳияи мазкур ғарқ шудаанд. Барои дарёфти ҷасадҳо чорабиниҳои кофтукобӣ идома доранд. Дар ин рӯз писарбачаи 16-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми аз дарёи Вахш гузаронидани дарзаи ҳезум, аз беэҳтиётиаш ғарқ шудааст.
Ҳамчунин, тахминан соати 20:30 писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз беэҳтиётии волидайнаш ба ҷӯйбори назди хонаашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 9 июл духтарчаи 10-солаи сокини ноҳияи Варзоб аз беэҳтиётиаш дар ҷӯйбори обгузари ҳудуди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб афтида, ба ҳалокат расидааст. Дар ин рӯз писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз беэҳтиётиаш дар дарёи «Вахш» афтида, ғарқ шудааст.
Марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ дар дарёи «Кофарниҳон» дар ҳудуди деҳаи Каҳлони шаҳри Ваҳдат ғарқ шудааст. Барои дарёфт намудани ҷасади номбурда чорабиниҳои кофтукобӣ идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






