Дар Ироқ панҷ нафар ҷангиёнро, ки дар таркиши Бағдод даст доштанд, эъдом карданд
Душанбе, 05.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Мақомоти Ироқ дар бораи эъдоми панҷ нафар, ки дар таркиши Бағдод даст доштанд, иттилоъ дод. Ҳукми қатл рӯзи дигари ҳамлаҳои террористии 3-юми июл, ки тибқи маълумоти охир ҳаёти 213 нафарро аз байн бурд, иҷро шуд.
Хотиррасон месозем, ки шаби 3 июл мошин бо маводи тарканда дар як кӯчаи серодами Бағдод, ки моҳи Рамазон баъд аз ғуруби офтоб оилаҳо бо кўдакон ва ҷавонон он ҷо сайру гашт менамоянд, таркид. Баъди як соат таркиши дигаре дар шимоли пойтахти Ироқ рух дод. Масъулияти ҳамларо ҷангиёни гурӯҳи террористии ДИ ба уҳда гирифтанд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






