Дар мавзеи «Сари Хосор» машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо гузаронида мешаванд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 июли соли равон дар мавзеи «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо иштироки варзишгарони машҳур аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оид ба навъҳои варзиши гуштингирӣ, якҳарбаҳои шарқӣ (панкратион) машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, барои машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо мураббиён ва мутахассисони соҳавӣ аз федератсияҳои мухталифи варзишии ҷумҳурӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, бокс, муҳорибаҳои омехта ва кикбоксинг ҷалб шуда, дар баробари такмили маҳорати варзишӣ ва омӯзиши усулҳои беҳтарини касбӣ, инчунин дарсҳо дар мавзӯъҳои меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ гузаронида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Федератсияи муҳорибаҳои омехта «Панкратион»-и кишвар, дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






