Дар Минск конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 25-умин солгарди ИДМ баргузор мегардад

Июль 4, 2016 17:28

Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои (АМИ) Беларус ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба «25 соли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: натиҷаҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар конфронс чор мавзӯъ: «Ҳамкории иқтисодӣ ва такмили заминаи ҳуқуқии кишварҳои иштирокдори ИДМ», «Ҳамкории илмӣ ва инноватсионии кишварҳои иштирокдори ИДМ», «Ҳамкории кишварҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон», ва «Ҳамкории кишварҳои иштирокдори  ИДМ дар соҳаи амният» матраҳ хоҳанд шуд
Конфронси байналмилалӣ 28-29 сентябри соли равон дар шаҳри Минск баргузор мегардад.
Дар кори конфронс беш аз 200 намояндагони тамоми кишварҳои иштирокдори ИДМ, сафирон ва намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ, кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Беларус, намояндагони мақомоти ИДМ ва созмонҳои заминавии кишварҳои ИДМ, аъзои Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ , намояндагони зиёиёни илмӣ иштирок мекунанд.

Июль 4, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд