Дар Муъминобод сохтмони иншоотҳои бузург идома дорад

Июль 7, 2016 15:16

Муъминобод, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Корҳои ободонию созандагӣ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Муъминобод низ вусъати тоза пайдо намудааст.
Дар ноҳия сохтмони якчанд иншооти бузург идома дорад, ки бо фармоиш ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Дар ҳамин замина барқарорсозии осоишгоҳи махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии  беморон  баъд аз табобати сил идома дошта, корҳои сохтмонии иншоотро ширкатҳо ва сохтмончиёни маҳаллӣ пеш бурда истодаанд. Сохтмончиён ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти бештар зоҳир намуда, қисмати зиёди корҳоро ба анҷом расонидаанд. Ба қавли муҳандиси сохтмон Абдулвоҳид Қурбонов баҳри ҷалби бештари сокинон ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар толору варзишгоҳҳо мавриди истифода қарор мегиранд ва дар ноҳияи Муъминобод низ сохтмони варзишгоҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботҳои имрӯза идома дорад. Варзишгоҳи марказии ноҳия барои 7 ҳазору 30 ҷои нишаст буда, корҳои сохтмониро 3 ширкати сохтмонии маҳаллӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барқи Кӯлоб», Ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди  «Қобилҷон  ЛТД», Ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди «Самар-сн» идома дода истодаанд. Бо фаъол гардидани варзишгоҳи мазкур шароити мусоид барои машқварзии сокинони ноҳия ва гузаронидани мусобиқахои гуногун фароҳам хоҳад омад. Бино ба гуфти масъулони сохтмон, варзишгоҳи марказӣ дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, осоишгоҳи махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморон баъд аз табобати сил бошад соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Июль 7, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад