Дар натиҷаи чаппа шудани трактор ҷавони 24 — сола ба ҳалокат расид

Июль 26, 2016 10:16

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл тахминан соати 18:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири мошини мазкур марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошин марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ шудааст.
Инчунин 25 июл ронандаи трактори тамғаи  «ЮМЗ -6», марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Истиқлол, дар нишебӣ аз уҳдаи идора намудани трактор набаромада, онро чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофири трактор ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Июль 26, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!