Дар ним сол 258 тонна гӯшти мурғи «Беҳамто» истеҳсол шуд

Июль 20, 2016 12:04

Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли ду сол мешавад, ки дар ноҳияи Ёвон фабрикаи паррандапарварии «Беҳамто» фаъолият намуда истодааст, хабар дод Маҳмадраҳимзода Фазлиддин аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон.
Инчунин зикр намуд, ки иқтидори ғунҷоиши фабрика 250 ҳазор сар парранда буда, мақсади асосии фаъолияти он таъмини бозори дохилӣ бо тухму гӯшти маҳаллӣ мебошад.
Мутахассисони  корхона тавонистанд дар давоми фаъолияти корияшон саршумори паррандаро ба 111 ҳазор сар расонанд. Дар шашмоҳи соли ҷорӣ корхона 258 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намуда, ба бозорҳои маҳаллӣ ва шаҳри Душанбе содирот намуданд, зикр кард манбаъ.

Июль 20, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад