Дар ноҳияи Деваштич 6 нафар дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

Июль 25, 2016 16:48

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли равон  тахминан соати 15:10 ронандаи   мошини тамғаи «Тойота-Корола» Шералӣ Рабиев соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» , ки ба шаҳрванд Соҳибҷон Юнусов, соли таваллудаш 1990, сокини  ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, бархӯрдааст ва сипас, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи шаҳрванд Сӯҳроб Сабуров соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Корола» Ш. Рабиев  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Спитамен бистарӣ гаштааст.
Мусофирони мошини мазкур Даврон Холов, соли тауваллудаш 1992, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва хурдсол Майрам Холова, соли таваллудаш 2015, сокини ҳамон ҷо, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Соҳибҷон Юнусов ва мусофирони мошини мазкур Исроилҷон Тоҷибоев, соли таваллудаш 1991, Ҷамшед Файзиев, соли таваллудаш 1990 ва Азимбой Ҷӯраев, соли таваллудаш 1990- сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июль 25, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад