Дар саҳна «Хӯса»
Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Асари драматург Нур Табаров — «Хӯса ё навҷӯӣ дар Сангистон» рӯи саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа омад.
Онро коргардони ҷавон Эраҷ Султонзода бо ҳамкории Хайрулло Давлатов, Зафар Ҷаводов ва Хуршед Аксакалов омода сохтаанд.
Тавре Зарифи Ибод, мудири бахши адабии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов хабар дод, намоишнома ҳаёти колхозии солҳои ҳаштодуми асри пешинро таҷассум намудааст. Кору амал дар ин хоҷагиҳои колхозӣ аз сохтакорию изофанависӣ ва худнамоиҳо иборат аст. Истифодаи «Хӯса» гӯё навигарии ҷопонӣ буда, ба пешравии кори хоҷагӣ ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат кумак мерасонад.
Хӯсаҳое, ки дар саҳнаанд, резинии пурҳаво ё пурпахтаву пурпахол не, балки нақшофарони зиндаанд. Нақшофарон аксаран ҷавононанд. Хусусан, маҳорати Комил Бобиев ва Бибинисо Боқиева хеле диққатҷалбкунанда аст. Ҳаракатҳо, имову ишораҳои ба характери қаҳрамонҳояшон мувофиқро истифода бурда тавонистаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






