Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи нақлиётчиён таҷлил карда шуд
Хуҷанд, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи нақлиётчиён, ки ҳамасола 25 июл таҷлил карда мешавад, дирӯз дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бо иштироки кормандон, ронандагон ва маъмурияти муассисаҳои нақлиёти боркашонӣ ва мусофиркашонии маркази вилояти Суғд баргузор гардид.
Роҳбарияти вилоят тамоми нақлиётчиёнро табрик намуда, зикр кард: «Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, рушди кулли соҳаҳо ва набзи шаҳрдорӣ бо фаъолияти нақлиётчиён алоқаманд аст.
Ҳамарӯза 846 адад микроавтобус ва 4 адад автобусҳо дар 92 хатсайр дар ҳудуди маркази вилоят ва маҳаллаҳои атрофи он ба сокинону меҳмонон хизмат мерасонад.
Аз оғози сол тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 638,4 ҳазор тонна бор ва 21,4 млн. нафар мусофирон кашонда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 100,1 ва 110,2 %-ро ташкил медиҳад».
Дар интиҳои чорабинӣ раиси шаҳри Хуҷанд ба 29 нафар кормандони фаъоли соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






