Дар Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 500 ҳазор тонна расонида шуд
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, барои таъмини Маркази барқу-гармидиҳӣ бо ангишт, дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, бо роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ, дастурҳои мушаххас дода истодааст.
То имрӯз корхонаҳои соҳаи ангишт, истихроҷи ангиштро ба миқдори зиёда аз 500 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 177 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре аз котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳоло дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 170 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст ва муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳои фурӯш ва анборҳои корхона харидории ангиштро ба роҳ монанд.
Бояд зикр кард, ки истихроҷи шабонарўзии ангишт ба 4 500- 7 000 тонна расонида шудааст.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






