Дар Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 500 ҳазор тонна расонида шуд

Июль 15, 2016 10:21

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017,  барои таъмини Маркази барқу-гармидиҳӣ бо ангишт,  дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, бо роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ, дастурҳои мушаххас дода истодааст.
То  имрӯз корхонаҳои соҳаи ангишт, истихроҷи ангиштро  ба миқдори зиёда аз 500 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 177 ҳазор тонна зиёд  мебошад.
Тавре аз котиботи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳоло  дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 170 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст ва муштариён метавонанд  аз ин нуқтаҳои фурӯш ва анборҳои корхона харидории  ангиштро ба роҳ монанд.
Бояд зикр кард, ки  истихроҷи шабонарўзии ангишт  ба 4 500- 7 000 тонна расонида шудааст.

Июль 15, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст