Ҷ. Давлатов: 44 %-и хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов шумораи хизматчиёни давлатӣ 18 960 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора ҷавонони то 35 сола 8 350 нафар буда, 44 %-и хизматчиёни давлатиро ташкил мекунанд.
Ҳамчунин Ҷумъа Давлатов илова намуд, ки Агентии хизмати давлатӣ бобати ҷавонгардонии ҳайат ва афзоиш додани сафи занҳо дар мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин масъала пайваста таҳти назорат қарор дорад.
Бояд зикр намуд, ки шумораи ҷавонони то 35 сола дар соли 2015 7 968 нафарро ташкил медод, ки ин шумора дар соли равон 382 нафар зиёд шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






