Директори Агентии «Тоҷикстандарт» аз риоя нашудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ изҳори нигаронӣ кард

Июль 29, 2016 11:08

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар доираи ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хатарнок аз тарафи гурўҳи кории масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  «Тоҷикстандарт» дар коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он назорати давлатӣ гузаронида шуд. Дар раванди санҷишҳо бино бар сабаби риоя нагардидани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  нисбат ба 19 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳасиб тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳо андешида шуданд.
Аз Агентии «Тоҷикстандт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади ба танзим даровардан ва ислоҳи камбудиҳо дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки зиёда аз 25 нафар роҳбарон ва намояндагони корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият доранд, вохурӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён оид ба риоя нагардидидани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз тарафи аксарияти истеҳсолкунандагон ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани маҳсулоти ҳасибӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз соҳибкорон ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи муқарраршуда ва ба мардум пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоии босифату бехатар даъват ба амал овард.
Мавсуф, аз ҷумла изҳор дошт, ки бо назардошти қабул гардидани регламентҳои техникии «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ», «Бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» ва «Бехатарии гўшт ва маҳсулоти гўштӣ» минбаъд истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, бахусус маҳсулоти ҳасибӣ ба танзим дароварда шуда, назорат дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда мешавад.
«Ҳолатҳои зиёде ҷой доштанд, ки истеҳсолкунандагони ҳасиб асосан аз пўсти мурғ истифода мебурданд, вале имрўз истифодаи пўсти мурғ бо дигар маҳсулоти гўштӣ қатъиян аз шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулот хориҷ карда шуд ва он таъйиноти мушаххаси истифода надорад.  Дар ин замина тавсия дода мешавад, ки дар истеҳсоли ҳасиб асосан  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода карда шавад. Дар самти гузаронидани назорати давлатӣ бошад, минбаъд намунаҳои барои ташхис пешниҳодшаванда аз коргоҳҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои савдо гирифта мешаванд. Инчунин дар самти тамғагузорӣ низ камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла дар маводҳои худчасп сабт намудани санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмолӣ  зиёд ба назар мерасанд»,- таъкид намуд И. Қурбониён.
Дар фарҷом миёни соҳибкорон ва мутахассисон оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, истифодаи маҳсулоти хоми истеҳсоли ватанӣ таболули афкор сурат гирифт.

Июль 29, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт