ДМТ: 190 нафар хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ бо ҷои кор таъмин шуданд

Июль 14, 2016 11:10

Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар тақсимоти хатмкунандагони имсола 190 нафар хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ пурра ба шуъбаҳои маорифи маҳалли истиқоматашон фиристода шуданд». Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов иброз намуд.
Ба иттилои номбурда, аз 190 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ, 27 нафар ба раёсати маорифи шаҳри Душанбе, 73 нафар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 60 нафар ба вилояти Хатлон, 7 нафар ба вилояти Суғд ва 23 нафар ба ВМКБ сафарбар карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки имсол дар ҷараёни кори тақсимот ба унвони Донишгоҳи миллӣ зиёда аз 700 дархосту мактубҳо ворид гардиданд, ки дар онҳо муассисаҳои дахлдор талаботи худро вобаста бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон иброз доштанд.
Ҳамаи дархосту пешниҳодҳо дар вақти тақсимот ба назар гирифта шуда, хатмкунандгон ба ҷойҳои кории дилхоҳашон фиристода шуданд.

Июль 14, 2016 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар