Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вобаста ба байналмилаликунонии мақоми донишкада тадбирҳои мушаххас меандешад
Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон тадқиқоти илмӣ, таҳияи китобҳои дарсию методӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ пешравиҳо ба мушоҳида расида, устодони донишкада нисбат ба дигар солҳо дар омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ нақши назаррас гузоштанд»,- гуфта шуд дирӯз зимни нишасти хабарӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар нимаи аввали соли равон Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолияташро дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо- Темпус «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ» (Development and improvement of the University Administration on International Affairs) самаранок идома дода, дар ин самт вобаста ба байналмилаликунонии мақоми донишкада, такмили идоракунии робитаҳои хориҷӣ ва дар оянда ҳамроҳ шудан ба рейтинги байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Бояд гуфт, ки донишкада дар ин давра 6 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 16 дастури методӣ, 18 васоити таълимӣ, 234 мақолаи илмӣ , 34 фишурда ва 38 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар маҷмӯъ 349 номгӯй маводро аз чоп баровардааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






