Дружиначиёни ихтиёрии Тоҷикистон зиёда аз 70 ҷиноятро ошкор намуданд
Душанбе, 18.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 70 ҷиноят, аз ҷумла 12 ҷиноят шахсан ва 59 ҷиноят дар ҳамкорӣ бо дигар кормандони милитсия ошкор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ дружиначиён 2 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордоштаро дастгир намуда, 4 нафареро, ки ба ҳизбҳои экстремистӣ аъзо гардида буданд, ошкор намуданд.
Барои фаъолияти хуб 185 нафар дружиначиён аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ҳавасманд карда шуданд. Ҳамчунин барои роҳ додан ба камбудиҳо 39 нафари онҳо ба ҷазоҳои интизомӣ ҷалб карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ дар мамлакат 3051 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шудааст.
Бояд зикр кард, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз соли 2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ 67 ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ ташкил шудааст. Онҳо то имрӯз 17 113 нафар дружиначиёни ихтиёриро муттаҳид менамоянд. Дар давоми нимсола ба сафи дружинаҳои ихтиёрӣ 512 нафар қабул ва 174 нафар аз ин сафҳо озод карда шудаанд.
Ба ҳисоби миёна ҳар шабонарӯз зиёда аз 500 нафар дружиначиён, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 100 нафар, вилояти Суғд 112 нафар, Хатлон 170 нафар, Рашт 12 нафар, НТҶ 100 нафар ва ВМКБ 20 нафар якҷоя бо кормандони милитсия ба хизмат сафарбар карда мешаванд.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






