Ду мусовӣ ва як бохти тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳои дӯстонаи байналмилалии худро дар пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд бо тими мунтахаби ин кишвар ба анҷом расонд. Футболбозони мо дар се бозӣ натоиҷи ду мусовӣ ва як бохтро ба худ ихтисос доданд ва имрӯз ба Душанбе бармегарданд.
Дар вохӯрии охирини байналмилалии дӯстона дар толори «Ӯзбекистон» аллакай дар дақиқаи 7-ум тими миллии мо бо голи задаи Собирҷон Гуляков ба сафи пеш баромад. Панҷ дақиқа пас Дилшод Раҳматов голи ҷавобиро ба самар расонд. Дар поёни нимаи аввал баъди зарбаи олии Файзалӣ Сардоров (ин голи 4-уми Файзалӣ дар силсилаи ин бозиҳост) натиҷа тағйир ёфт.
Баробари оғоз шудани нимаи дуввум, бартарии футболбозони мо боз ҳам бештар гардид ва голи сеюмро Мансур Мамадбобоев ба нишон расонд. Собирҷон Гуляков муаллифи голи чорум шуд ва гумон мерафт, ки тими мунтахаби футзали мо ба ғалабаи аввалинаш дар силсилаи ин бозиҳо бар тими қудратманди Ӯзбекистон ноил мешавад, аммо Элдор Ҳомидов, Илҳом Ҳамроев, Дилмурод Шавкатов ва Дилшод Ирсалиев (пеналтӣ) аз дақиқаи 27 то 35 чор тӯбро ба дарвозаи тими мунтахаби кишварамон зада, дастаашонро ба сафи пеш бароварданд ва танҳо голи задаи Файзалӣ Сардоров аз ҷазои пеналтӣ футболбозони моро аз бохт раҳо кард.
Ба ҳамин тартиб, тими мунтахаби футзали Тоҷикистон вохӯриҳои байналмилалии дӯстонаро бо тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон (3:3, 2 :1, 5:5) ҷамъбаст кард, ки ин ба натиҷаи бозиҳои ояндаи расмии футболбозони мо умедвориро бедор мекунад.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон соли равон дар Чемпионати Осиё дар вохӯрии ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби Эрон бо натиҷаи 2:1 шикаст хӯрд ва соҳиби ҷои дуввум гардид. Ҳоло тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Ҷаҳон, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия мегузарад, омодагӣ мебинад. Ин даста ба гурӯҳи «А» якҷоя бо тимҳои миллии футзали Колумбия, Португалия ва Панама шомил мебошад.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






