Фаъолияти Академияи илмҳо қаноатбахш арзёбӣ гардид
Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷониби олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 китобу монография, 640 мақолаҳои илмӣ дар дохили кишвар, 65 мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва 250 вокуниш ба ВАО ба нашр расонида шуд. Дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 номгӯи асарҳои илмӣ, маҷмӯаи маколаҳо, маҷаллаҳои «Ахбори АИ ҶТ» ва «Гузоришҳои АИ ҶТ» дар ҳаҷми 7 ҳазору 76 ҷузъи чопӣ бо теъдоди умумии 9 ҳазору 800 нусха интишор гардид. Теъдоди корҳои интишоргардида дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7 номгӯй зиёд аст. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дирӯз оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 иброз дошт. Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 29 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 Симпозиуми байналмилалӣ, 3 конференсияи илмии байналмилалӣ, 10 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 2 мизи мудаввар доир намуданд.
Дар муҳокимаи маърӯзаи президенти АИ ҶТ директори Институти химияи ба номи В.И.Никитин Зайниддин Муҳиддинов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Зикриё Акрамӣ ва дигарон сухан гуфта, фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи якуми соли 2016 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми маҷлиси умумӣ барои мусоидат барои сари вақт ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маросими аз нав ба кор оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ки 8 июни соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, 22 нафар кормандони Раёсати АИ ҶТ бо Ифтихорномаи АИ ҶТ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






