Фаъолияти Академияи илмҳо қаноатбахш арзёбӣ гардид

Июль 5, 2016 09:17

Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷониби олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 китобу монография, 640 мақолаҳои илмӣ дар дохили кишвар, 65 мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар  ва 250 вокуниш ба ВАО ба нашр расонида шуд. Дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   66 номгӯи асарҳои илмӣ, маҷмӯаи маколаҳо, маҷаллаҳои «Ахбори АИ ҶТ» ва «Гузоришҳои АИ ҶТ» дар ҳаҷми 7 ҳазору 76 ҷузъи чопӣ бо теъдоди умумии 9 ҳазору 800 нусха интишор гардид. Теъдоди корҳои интишоргардида дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7 номгӯй зиёд аст. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дирӯз оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 иброз дошт. Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 29  чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 Симпозиуми байналмилалӣ,  3 конференсияи илмии байналмилалӣ, 10 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 2 мизи мудаввар доир намуданд.
Дар муҳокимаи маърӯзаи президенти АИ ҶТ директори Институти химияи ба номи В.И.Никитин Зайниддин Муҳиддинов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Зикриё Акрамӣ ва дигарон сухан гуфта, фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи якуми соли 2016 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми  маҷлиси умумӣ барои мусоидат барои сари вақт ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маросими аз нав ба кор оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ки 8 июни соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, 22 нафар кормандони Раёсати АИ ҶТ бо Ифтихорномаи АИ ҶТ сарфароз гардиданд.

Июль 5, 2016 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст