Фаъолияти комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Айнӣ мувофиқи нақша ҷараён дорад

Июль 7, 2016 14:45

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 5 июли соли 2016 бо сабаби об шудани барфи кӯҳҳо ва ҳамзамон боришоти борон ба деҳаи  Марзичи ҷамоати  деҳоти  Анзоби ноҳияи Айнӣ сел фаромад. Дар натиҷаи омадани сел ба масофаи 3 км. роҳҳои маҳалӣ, як бунгоҳи тиббӣ, як иншооти ёрирасон, як купруки маҳалии одамгузар, ба масофаи 500 метр ҷӯйбори заминҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаи боғи маҳалӣ зарар диданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» афсари калони Хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова иттилоъ дода, зикр намуд, ки бар асари фаромадани сангҳои калонҳаҷм роҳи обрави дарёи Яғноб маҳкам шуда, кӯпруки даромади деҳа зери об мондааст. Барои аз обрави дарё берун кашидани харсангҳо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз маводи тарканда, корро оғоз намуданд.
Ба иттилои У.Юсупова, ҳоло дар маҳали ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти худро идома дода, барои бартараф намудани оқибатҳои сел чораҳои фавриро амалӣ карда истоданд. Ягон мушкилӣ ва норасоӣ дар фаъолияти мутахассисон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вуҷуд надорад.
Мавриди таъкид аст, ки бинобар гарм шудани ҳаво ҳамасола барфҳои кӯҳсор об мешаванд ва сатҳи дарёҳо боло меравад. Чунин ҳолат дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи он аз кӯҳҳо иборат аст, амри табиӣ буда, кормандону мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои бартараф кардани оқибатҳои фаромадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо омода мебошанд.
Зиёда аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чанд соли охир ба ҳамаи ҳодисаҳои фавқулоддаи табиат вокуниши саривақтӣ ва ҷиддӣ нишон дода, дар ягон ҳолат сокинони мамлакатро бо офатҳои табиӣ танҳо нагузоштааст.
Чунончи, баъд аз омадани сел дар шаҳри Кӯлоб, минтақаи Рашт, ноҳияҳои ВМКБ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардидагон кумакҳои моддиву маънавӣ расонида шуда, на танҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ, ҳамчунин маҳаллаҳои нави муосир бо ҳамаи инфрасохторҳои маишӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Июль 7, 2016 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард