Фаъолияти соҳибкороне, ки нархҳои тавсиявиро риоя намекунанд, қатъ карда мешавад
Душанбе, 04.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти соҳибкороне, ки рӯзҳои 4-5 июл иқдомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар мавриди фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нархҳои тавсиявии онро риоя намекунанд ва хунукназарона рафтор менамоянд, дар бозорҳо қатъ карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи иди саиди Фитр нархи 21 номгӯи маҳсулоти хӯроквориро дар бозорҳои шаҳр бо риояи нархҳои тавсиявӣ муайян намуда буд, ки чунин аст: 1 кг картошка -1 сомонию 20 дирам, карам — 80 дирам, бехпиёз — 80 дирам, сабзӣ — 1 сомонию 50 дирам, помидор — 2 сомонию 50 дирам, бодиринг — 3 сомонӣ, себ — 5 сомонию 40 дирам, биринҷ — 8 сомонию 50 дирам, нахӯд — 13 сомонӣ, лӯбиё — 8 сомонӣ, мош — 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда — 10 сомонӣ, гӯшти гов — 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд — 31 сомонӣ, шакар — 6 сомонӣ, чойи сиёҳ — 17 сомонӣ, чойи кабуд — 18 сомонӣ, 1 литр шир — 3 сомонӣ, 10 дона тухм — 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум — 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма — 1 сомонию 50 дирам.
Дар ин зимн аз кулли сокинони шаҳр даъват карда мешавад, ки нисбати маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ ба нархҳои тавсияшуда диққат диҳанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






