Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат, ба Хатлон!» доир мегардад

Июль 26, 2016 16:16

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи самараноки «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» баргузории як қатор фестивалу конфронсҳои сайёҳиро ба нақша гирифтааст.
27 июли соли равон дар ноҳияи Темурмалик Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» ва дар заминаи он бегоҳии ҳамин рӯз  дар саҳни Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб  Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат, ба Хатлон!» бо ташкили намоиши ҳунарҳои мардумии 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
28 июл  семинари омӯзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон дар ноҳияи Лахш баргузор мегардад.
Рӯзҳои 1-3 август тренинги байналмилалии омӯзишӣ оид ба рушди иқтидори соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
9 август бошад,  дар шаҳри Хуҷанд Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» ва дар заминаи он бегоҳии ҳамин рӯз дар саҳни Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» бо ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Июль 26, 2016 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад