Фишор (стресс) воқеъан ҳам мағзро хароб мекунад
Душанбе, 05.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Фишори (стресси) доимӣ боиси тағйирот дар сохтори ҷисмонии мағзи сар гашта, ҳуҷайраҳои асабро дар намуди бодомшаклии мағз -қисмати мағз, ки масъули эҳсосот ва дарёфти хатар аст, хароб мекунад, менависад нашрияи Molecular Psychiatry.
«Аксуламали намуди бодомшаклии мағз ба фишори музмин як раванди хеле мураккаб аст, ки аз тарафи олимони тамоми ҷаҳон солҳои зиёде омӯхта мешавад. Мо сохтори якчанд минтақаҳои намуди бодомшаклии мағзро тадқиқ карда, дарёфтем, ки ҳуҷайраҳои асаб дар қисми мобайнии он аз фишори доимӣ нобуд мешаванд», — гуфт корманди Донишгоҳи Рокфеллер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) Карл Наска.
Наска қайд мекунад, ки кам шудани шумораи ҳуҷайраҳои асабро, ки қисми миёнаи намуди бодомшаклии мағзро ташкил медиҳанд, метавон бо зиддиафсурдагиҳои зудамалкунанда назорат кард. Хулосаҳои мувофиқ аз тарафи олимон дар натиҷаи як қатор таҷрибаҳо дар мушҳои лабораторӣ бароварда шуданд.
Мушҳоро бо воситаи ҷойгиркунии онҳо дар ҳуҷраи махсус, ки дар он ҳаво ва фазо барои ҳаракат ҳадди ақал буд, дучори фишор карданд. Хояндаҳо, ки барои муддати дароз дар асорат буданд, бо рафтори зиддииҷтимоии худ ва гум кардани ниёз ба эҳсосоти нав фарқ мекарданд. Онҳо коре накарда, танҳо мехӯрданду (ва на хеле хуб) мехобиданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






