Генерал-майор Шариф Назарзода: «Дар шаш моҳи гузашта дар вилояти Суғд 130 нафар сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динию экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд»

Июль 15, 2016 14:41

Хуҷанд, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти фаврии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, ҳоло   дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия  аз вилояти Суғд  394  сокини шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла 24 нафар  бо ҳамроҳии  ҳамсар ва 44 нафар фарзандони ноболиғи онҳо иштирок  доранд.
Ин нуқта, зимни нишасти хабарии вилоят, ки 14 июл доир гашт, аз ҷониби сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд  Шариф Назарзода баён гашт.  Ҳамзамон ӯ илова намуд, ки ҳоло нисбати 321 нафар сокинони вилоят бо моддаи 401, иловаи 1-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз ва 10 парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдорӣ ба додгоҳ ирсол ва алайҳи 192 нафар парвандаҳои кофтукобӣ оғоз карда шудаанд. Тибқи маълумотҳо айни замон, 36 тани ҷангиён дар даргириҳои Сурия иштирок дошта, ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин давоми шаш моҳи соли равон дар пайи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 130 нафар сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, — афзуд генерал.

Июль 15, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар