Генерал-майор Шариф Назарзода: «Дар шаш моҳи гузашта дар вилояти Суғд 130 нафар сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динию экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд»
Хуҷанд, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти фаврии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, ҳоло дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия аз вилояти Суғд 394 сокини шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла 24 нафар бо ҳамроҳии ҳамсар ва 44 нафар фарзандони ноболиғи онҳо иштирок доранд.
Ин нуқта, зимни нишасти хабарии вилоят, ки 14 июл доир гашт, аз ҷониби сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назарзода баён гашт. Ҳамзамон ӯ илова намуд, ки ҳоло нисбати 321 нафар сокинони вилоят бо моддаи 401, иловаи 1-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз ва 10 парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдорӣ ба додгоҳ ирсол ва алайҳи 192 нафар парвандаҳои кофтукобӣ оғоз карда шудаанд. Тибқи маълумотҳо айни замон, 36 тани ҷангиён дар даргириҳои Сурия иштирок дошта, ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин давоми шаш моҳи соли равон дар пайи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 130 нафар сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, — афзуд генерал.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






