Холбибӣ Ҳасанова, муовини директори Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа: «Фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси шартнома кафолати бехатарии онҳост»

Июль 18, 2016 18:00

Душанбе, 18.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2014 бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ба таври муташаккилона ва расман  сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ  ба хориҷи кишвар  дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа таъсис гардид. Дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ  «Ховар»  Холбибӣ Ҳасанова, муовини директори агентии мазкур    фаъолияти корхонаро шарҳ дода,  зикр намуд: ки: «Агентӣ то имрӯз 278  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои гуногун дар хориҷи кишвар  ва  зиёда аз 100  нафарро, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ  гардида буд, дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҷойи кор таъмин намуд».
Муассиса бо 18 ширкати хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ дошта, тавассути Агентии мо  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан барои шаҳрвандон аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст. Асосаш он аст, ки  муҳоҷирони меҳнатӣ  бо ҷойи хобу  кори доимӣ таъмин гардида,  дар асоси шартнома ба фаъолият шурӯъ менамоянд, ки ба  ҳифзи  ҳуқуқҳои меҳнатиашон аз ҷониби корфармо кафолат дода шуда, ба ин васила  амнияти онҳо  таъмин мегардад.
Дархости корфармоён  аз Федератсияи Русия ва   Ҷумҳурии Қазоқистон  асосан ба  кадрҳои бинокор ва соҳаи хоҷагии қишлоқ  зиёд аст. Имрӯз  ҳамкории мо дар ин самт  бо Ҷумҳурии Қазоқистон, ки  ба кадрҳои бинокор ниёз дорад, густариш меёбад.
Ба Агентӣ дар шаш моҳи соли равон 1500 шаҳрванд барои кор дар хориҷи кишвар  муроҷиат намуданд, ки  танҳо 28 нафари онҳоро  тавонистем  бо кор таъмин намоем. Суоле ба миён меояд, ки чаро ин қадар миқдори кам?
Мутаассифона, имрӯз буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ   боиси аз фаъолият мондани баъзе ширкатҳо гардида, фаъолияти  корхонаҳоро мушкил гардонидааст, ки  ба фаъолияти мо низ бе таъсир намондааст.
Ба ғайр аз ин талаботи корфармо пеш аз ҳама ба сатҳи тахассусӣ ҷавобгӯ будани муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Мутаассифона, сатҳи тахассусии муроҷиаткунандагони мо  ба талаботи корфармоҳо ҷавобгӯ нест. Баъзан ҳатто онҳое, ки диплом ё шаҳодатномаи ин ё он касбу ҳунарро  доранд, дар   амал  худро  ҳамчун мутахассиси ҳамон соҳа  муаррифӣ карда   наметавонанд.  Вақте ки корфармо дархост мекунаду мо корҷӯёнро омода месозем, худашон тариқи барномаҳои интернетӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, муҳоҷирони меҳнатиро интихоб мекунанд.
Корҷӯёне, ки мо ба таври муташаккилона ва расмӣ сафарбар менамоем, дар асоси шартномаи тарафайн  ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Онҳо метавонанд, ки  баъди ба охир расидани муҳлати шартнома, онро  тамдид намоянд. Мо корҷӯро сафарбар менамоему аз ҳолатҳои будубош дар давлатҳои қабулкунанда ахборот медиҳем.
Мутаассифона, шаҳрвандоне низ ҳастанд, ки созишномаҳоро вайрон ва шартномаро пеш аз муҳлат қатъ намуда,  бармегарданд. Онҳо   ин амалашонро  асосан дар    кам будани музди маошашон шарҳ медиҳанд.
Вақте муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаро дағалона вайрон мекунанд, корфармоён ба Агентӣ эътироз мекунанд. Дар ин сурат ба ҷои он муҳоҷирони меҳнатӣ дигар муҳоҷирон сафарбар карда мешаванд.
Мо дар муассиса махзани маълумот таъсис дода,  талаботи   бозори меҳнатии  ин давлатҳоро  омӯхта, ҳангоми  тавсия ба шаҳрвандон аз он истифода мебарем, яъне барои   дар курсҳои кутоҳмуддати назди Вазорат аз худ намудани кадоме аз онҳо кумаки методӣ мерасонем.
Шаҳрвандонеро, ки ба мо муроҷиат мекунанд, ба категорияҳо ҷудо мекунем. Вақте аз тарафи корфармо дархост мешавад, мо ҳатман тибқи махзани маълумот корҷӯёнро ба муҳоҷирати меҳнатӣ тайёр менамоем. Пеш аз сафар ба ҳамаи муҳоҷирон  донистани забон, малакаи корӣ, риоя кардани қонунҳои давлатҳои қабулкунандаро  фаҳмонида, роҳнамоӣ менамоем.
Дархости охирини корфармоён далели он аст, ки вазъи буҳронии кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба беҳбудӣ овардаааст ва  мо минбаъд    метавонем, ки муроҷиати бештари шаҳрвандонро қонеъ гардонем.
Дар корхонаи мо  тамоми шароитҳо барои шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст. Мутахассисони муассиса  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки хубтару беҳтар ба корҷӯён хизмат расонида,  ба онҳо машваратҳои ҳуқуқию корӣ  диҳанд.

Июль 18, 2016 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ