Иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ
Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр дар доираи иқдоми хайрхоҳона 300 нафар сокинони ниёзманди ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии соҳибкори хайрхоҳ Аъзамҷон Валиев аёдат карда шуда, ба онҳо маводи ғизоӣ тақдим карданд.
Зимни тақдими тӯҳфаҳо таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандону ашхоси бемор аз фазилатҳои неки инсонӣ аст ва ин иқдоми хайрхоҳона аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки ҳамеша ба афроди ниёзманд дасти хайру мадад дароз мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба 300 нафар афроди ниёзманди ҷамоати деҳоти Оббурдон дасти кӯмак дароз карда шуд, ки он дар маҷмуъ 40 000 сомониро ташкил медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






