Иқдоми Пешвои миллат хусусияти инсондӯстона ва раъиятпарварӣ дорад

Июль 5, 2016 10:02

Душанбе, 05.07.2016/ АМИТ «Ховар»/. Фардо, 6 июл мусулмонони кишвар чун дигар мусулмонони  дунё Иди саиди Фитрро таҷлил менамоянд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 6 июл соати 6:30 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози Иди саиди Фитр баргузор мегардад ва он аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи Шавол шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки кумак расонидан ба ятимону барҷомондагон, маъюбон, инчунин дар рӯзи иди саиди Фитр боздид аз оромгоҳо ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон сила намудани сари ятимон, дар маҷмӯъ хайру эҳсон аз бузургтарин фазилатҳои  Иди саиди Фитр ва умуман моҳи шарифи Рамазон аст.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар асоси тасмими Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи Фитр 5 сомонӣ муайян шудааст. Инчунин  мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар гардидааст,  ки  аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи Амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, 4 июл содир гардид,  Пешвои миллат аз мардуми кишвар даъват намуд,  ки фитри рӯзаро  тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда диҳанд. Сарвари давлат ҳамзамон додани фитри рӯзаро аз ҷониби табақаҳои дар боло зикршуда ҷоиз надонист. Ҳамзамон Президенти мамлакат таъкид намудааст, ки додани  фитри рӯза ба рӯҳониён  ва умуман ходимони дин ва афроди сарватманд манъ аст.
Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хусусияти инсондӯстона ва раъиятпарварӣ дошта, амали хайру савобест барои табақаҳои ниёзманди ҷомеа.

Июль 5, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад